Саратон дар саросари ҷаҳон, пас аз бемориҳои дилу раг, дуюмин сабаби марги одамон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар сайёра дар як сол зиёда аз 20 миллион ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба касалии саратон ошкор карда шуда, ҳудуди 10 миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. “Агар кишварҳо барои пешгирӣ, ташхиси барвақтӣ ва табобати ин беморӣ чораҳои фаврӣ наандешанд, то соли 2025 шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба саратон дар саросари ҷаҳон метавонад тақрибан 35 миллион нафар дар як сол бирасад”,- омадааст дар гузориши нави Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ. Бисёриҳо бар он андешаанд, ки саратон касалии табобатнашаванда мебошад,вале табибони саратоншинос мегӯянд дар 95-% ҳолатҳо ин беморӣ табобат мешавад, агар дар зинаҳои аввал ошкор ва бемор сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад.
Ба хотири пешгирии ин бемории вазнин мо аз табиби саратоншинос, ғолиби озмуним ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” Файзулло Райҳонов суҳбат оростем ва инак чанд нуктаи муҳимро аз ин муҳовара пешкаши хонандагони азизи ҳафтаномаи “Оила” месозем.
Шакли пурраи суҳбатро дар ютубканали Oila.tj тамошо кунед.
- Сароғоз мегуфтед, ки сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи гирифторони саратон дар чист?
- Саратон бемории полиэтиологӣ буда, бештар дар давраи калонсолӣ пайдо мешавад ва сабабҳояш хеле зиёданд. Таъсири нурҳои офтоб, фарбеҳӣ, ба сар бурдани ҳаёти камҳаракат аз зумраи омилҳои асосии пайдоиши саратон ба шумор мераванд. Бемориҳое, ки аз системаи рӯйпушкунандаи бадан пайдо мешаванд, онҳоро саратон меноманд. Омосҳое, ки аз бофтаҳои пайвасткунандаи бадан пайдо мешаванд, онҳоро саркомаҳо мегӯянд. Дар якҷоягӣ онҳо омосҳои бадсифатро ташкил медиҳанд, вале сабабҳои пайдоишашон гуногун мебошанд. Яке аз сабабҳои зиёдшавии беморӣ мебошад.
- Шумо гуфтагӣ ҳастед, ки имрӯз илми тиб пеш рафта, усулҳои замонавии ташхис пайдо шудаанд ва аз ҳамин сабаб бемории саратон бештар ошкор карда мешавад?
- Бале, яке аз сабабҳои асосӣ ин пеш рафтани илми тиб ва баланд шудани маълумотнокии аҳолӣ мебошад. Имрӯз ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст низ марказҳои тиббӣ мавҷуданд ва мардум ба табибон муроҷиат мекунанд. Ҳангоми ошкор шудани беморӣ маризон ҳатман ба қайд гирифта мешаванд.
- Дар оғоз, вақте ки беморӣ ҳанӯз ягон нишонаи зоҳирӣ надорад, яъне дард намекунад ва худи ғадуд ламс карда намешавад, аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки одам ба саратон гирифтор шудааст?
- Илми тиб марҳилаҳои бемории саратонро ба 4 давра ҷудо кардааст. Марҳилаҳои 1 ва 2 (стадияҳои 1-2) марҳилаҳои аввали беморӣ ба ҳисоб мераванд. Агар дар ин давра беморӣ сари вақт ошкор карда шуда, бемор табобатҳои заруриро бигирад, саратон 90-95% табобат мешавад. Аммо мушкил дар он аст, ки дар марҳилаҳои аввал нишонаҳои бемории саратон номуайян мегузаранд, яъне қариб, ки дард намекунад, нишонаҳои дигари азиятовар надорад, аз ҳамин сабаб аксарияти маризон ба духтур муроҷиат намекунанд. Ҳамин бепарвоӣ боис мешавад, ки саратон авҷ гирифта, реша медавонад ва ба дигар узвҳо паҳн гашта, ба марҳилаи 3-4 мегузарад, ки табобаташ бисёр душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ғайриимкон аст.
- Барои ташхиси саривақтии саратон чи бояд кард?
- Муайян кардани нишонаҳои аввалини бемории саратон вазифаи табибоне мебошад, ки дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ фаъолият менамоянд ва дар давраи донишҷӯӣ дар бораи саратон маълумот гирифтаанд. Агар зиракии саратоншиносӣ дошта бошанд, чунин табибон метавонанд бо пай бурдани нишонаҳои аввалини беморӣ маризро ба ташхис фиристанд ва ба ошкор шудани беморӣ дар марҳилаҳои аввал мусоидат намоянд.
- Худи шахси ба саратон мубталогашта аз рӯйи кадом нишонаҳо метавонад бемориашро пай барад?
- Вобаста ба навъи беморӣ нишонаҳои саратон гуногун мешаванд. Агар саратони пӯстро бигирем, нишонаҳои аввалинаш пайдошавии доғҳое мебошад, ки рангашонро иваз мекунанд, сарҳади муайян надоранд, хеле зуд калон мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо аз онҳо қатраҳои хун меравад. Бемор ба табиби пӯст муроҷиат карда, табобат бигирад, дар ҳамон мавзеъ як муддат беҳбудӣ ба вуҷуд меояд, вале ба пуррагӣ нест намешавад. Дар сурати чанд маротиба табобат намуда, ба натиҷаи дилхоҳ нарасидан, бояд бемор ҳатман аз ташхисҳои саратоншиносӣ гузаронида шавад. Ба ҳамин моннад зимни намудҳои дигари саратон, аз ҷумла саратони ғадудҳои ширӣ ва саратони гарданаи бачадон низ бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввали беморӣ ҳатман бемор бояд ба назди табибон саратоншинос фиристода шуда, ташхисҳои зарурӣ анҷом дода шаванд ва мариз ба табобат фаро гирифта шавад.
- Дар Тоҷикистон айни замон шумораи шахсоне, ки ба намудҳои гуногуни саратон гирифтор мебошанд, чи қадар аст?
- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2025 дар ҷумҳурӣ 23733 нафар шахсони гирифтори саратон ба қайд гирифта шудааст.
- Хатари пайдошавии омосҳои саратонӣ ва гирифтор шудан ба бемории саратон дар кадом тоифаи одамон бештар ба назар мерасад? Ирсият, муҳити зист ё фарбеҳӣ боиси ба саратон гирифтор гаштани шахс гашта метавонад?
- Тибқи омори вазорати тандурустӣ бештар занҳо ба бемории саратон гирифтор мешаванд, ки сабаби асосиаш надонистани нишонаҳои аввалини бемории саратон ва бепарвоӣ нисбат ба бемориҳои пеш аз саратонӣ мебошад. Айни замон дар байни тамоми намудҳои саратон дар ҷумҳурӣ саратони ғадудҳои ширӣ дар зинаи аввал ва саратони гарданаки бачадон дар зинаи дуюм қарор дорад. Омили ирсӣ низ ҳангоми баъзе намудҳои саратон, аз ҷумла саратони пӯст ҷой дорад.
- Агар модар ба саратон гирифтор гашта бошад, хатари ба ин беморӣ гирифтор шудан дар духтараш бештар аст ё дар наслҳои баъдӣ?
- Натанҳо дар модар, балки дар сурати дар дигар аъзоёни оила мавҷуд будани саратон низ ҳатман чораҳои пешгирикунанда андешидан, аз ташхисҳои зарурӣ гузаштан лозим аст.