Сад нома аз ин пеш, агар буд маро,
Аз номаи бахт кай хабар буд маро?
Сад ояту даҳ сура аз ин сарқонун
Раднома ба чашми каҷназар буд маро.
Бедор ба субҳи меҳр аз хоб шудем,
Дар шоми висол нури маҳтоб шудем.
Дар ҳар варақи кушодаи “Сарқонун”,
Сад ранҷ ба сар кашида, даҳ боб шудем.
Давлат САФАР
***
Шаҳсутуни давлати ободи мо,
Раҳнамои миллати озоди мо.
Рамзи истиқлоли мулки тоҷикон,
Навбаҳори орзуи одамон!
***
Гирифта бар кафи худ хомаи миллат,
Кунам васфи саодатномаи миллат!
Тани миллат, ки бе қонунаш урён аст,
Ҳамеша пок бод, ин ҷомаи миллат!
***
Ба ту қонуни давронам ташаккур,
Барои бахти тобонам ташаккур!
Калиди ақли одам дар кафи ту,
Адолатро нигаҳбонам ташаккур!