Маҳсулоти лозима:
700 грамм пюреи картошкагин, 80 грамм панир (брынза), шибит, пиёзи сабз, 0,5 стакон орд, 2 тухм, 70 грамм нонхушкаки кӯфташуда.
Тарзи таҳия:
Пюреи картошкагинро бо панир ва кабудии реза омезиш диҳед ва аз он сақоча созед. Ҳар як сақочаро дар орд ҷӯлонида, ба тухми латзада тар кунеду нонхушкаки куфташуда пошед ва дар равғани тасфон 4 дақиқа то сурхча шуданаш пазед. Мувофиқи хоҳиш метавонед сақочаҳоро дар тафдон муддати 10 дақиқа пазед.