Вақте инсон руҳан худро солиму ҷавон эҳсос мекунад, синну соли биологӣ моҳият надорад. Донистан мехоҳед, ки рӯҳан шумо чандсола ҳастед?
Пас, ба саволҳои санҷишнома ҷавоб дода, барои ҳар ҷавоби «ҳамеша» 4 хол, барои «баъзан» 3 хол, барои «хеле кам» 2 хол ва барои «ҳеҷ гоҳ» 1 хол гузоред. Ҳамаи холҳои гирифтаи худро ҷамъ карда, синну соли равонии худро муайян карда метавонед.
1. Кӯшиш мекунед, ки шиносҳои бештар пайдо намоед?
2. Андешаву эҳсосоти дигаронро ҳис карда метавонед?
3. Таваккал кардан ва ба ҳаёти худ навигарӣ ворид намуданро меписандед?
4. Барои оянда нақша кашида метавонед?
5. Нафаронеро, ки ба шумо монанд нестанд, хуш қабул доред?
6. Вақте саҳар аз хоб мехезед, худро сабук ва пур аз нерӯ эҳсос мекунед?
7. Ҳангоми тамошои филми романтикӣ ё дидани ягон ҳодисаи риққатовар ашк мерезед?
8. Ҳангоми муошират бо кӯдакон ҳаловат мебардоред?
9. Кори худро муҳим ва аҷиб мешуморед?
10. Одати ба оғӯш гирифтану меҳрубонӣ кардани дӯстону наздиконатонро доред?
11. Аз зиндагӣ эҳсоси қаноатмандиро ҳис мекунед?
12. Масъалаҳои душвор шуморо ба ваҷд меоранд?
13. Рақс кардану суруд хонданро дӯст медоред?
14. Орзу кардан ва дар олами тахаюлот сайр намуданро дӯст медоред?
15. Ба фикратон ҳузури шумо ба атрофиён хуш меояд?
16. Корро ҳамчун бозӣ қабул мекунед?
17. Бо ягон намуди варзиш машғул ҳастед?
18. Ба оянда ҷасурона менигаред ва ба худ боварӣ доред?
Ҷавобҳои санҷиш
Холҳоро ҷамъ карда, бо натиҷа шинос шавед
20-35 хол
Шумо дар зиндагӣ худро каме хаста эҳсос мекунед. Кӯшиш намоед, ки бо атрофиён самимона муносибат намуда, табиӣ рафтор кунед. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҷисману руҳан худро ҷавон эҳсос мекунед.
36-59 хол
Шумо чунон дар гирдоби ғаму ташвиш фурӯ рафтаед, ки чӣ будани хушбахтиро фаромӯш кардаед. Интизор нашавед, ки кай тақдир шуморо хушбахт месозад. Хушбахтӣ дар паҳлӯятон аст, дар чизҳои муқаррарӣ.
60-80 хол
Шумо қалбу руҳи ҷавон ва дили мисли тифл бекина доред ва аз хушиҳои зиндагӣ лаззат бардоштаву шоду масрур умр ба сар бурда метавонед.