Ин зану шавҳари азиякашидаро душвориҳои ҳаёт, азоби камбағалӣ ва саду як мушкилоти дигар ба идораи сомонаи Оила. ТЧ овардааст. Сангинмоҳ Ашӯрова ва ҳамсараш Аҳад Ибодов ятим буда, шахси ғамхору ғамгусоре надоранд, ки дар зиндагӣ дасташонро бигирад. Зану шавҳар бо ду фарзанди хурдсолашон, ки яке қариб чор солаву дигарӣ нав нӯҳмоҳа шудааст, дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар наздикии ҳавз(корез) иҷора мешинанд.
Кӯдаконам аз хунукӣ мурданд
Манзиле, ки ин оилаи камбағал аз ночорӣ дар он ҷо умр ба сар мебаранд, чунон сард ва пурнам аст, ки натанҳо дасту пой, балки устухонҳои бадани кас низ аз хунукӣ ба сӯзиш медароянд. Зиндагӣ дар иҷорахонаҳои хунук, дар шароити бениҳоят вазнин ва тоқатфарсо ба саломатии зану шавҳар ва ҷигарбандонашон бе таъсир намонда, ду кӯдакашон аз хунукӣ касал шуда мурданд. Ин доғи ҷигарсӯз дар дили Сангинмоҳу шавҳараш боқӣ монда, маҳз ба хотири наҷот додани ҷони ду бачаи дигарашон, ки аз таъсири заҳу нам ва хунукӣ аллакай бемор шуда, шаб то саҳар месулфанд, ба редаксия муроҷиат намудаанд.
Модар паривара шуду..
Аз нақли Аҳад чунин бармеояд, ки аз кӯдакӣ рӯзу рӯшноӣ надидааст. “Модарам ба бемории рӯҳӣ гирифтор гашта, ба қавли мардуми оддӣ паривара шуда буд. Маҳз ҳамин бемориаш боис гашт, ки очаи аз бахт наосудаам хонавайрон ва мани сарсахт мӯҳтоҷи дари мардум гардам. Вақте ки модарам аз дунё гузашт, ман ҳатто мактабхон набудам. Аз ҳамин сабаб чеҳраи модарамро чандон дар ёд надорам,”-мегӯяд Аҳад.
Подабони хурдакак
Ба қавли худаш, баъди сари модараш парастории Аҳадро бобову бибии пираш бар дӯш гирифтаанд. Падараш зани дигар гирифта бо оилаи наваш сарсону саргардон буд ва ба ӯ чандон аҳамият намедод. Аҳад ба хотири як луқма нонашро ҳалол карда хӯрдан рӯз то шом дар кӯҳу пушта подабонӣ мекард. Дар чор фасли сол дар ҳавои сард дар кӯҳу пушта подабонӣ кардан ба саломатиаш бетаъсир намонда, ба беморӣ печид. Пештар, вақте ки бобову бибиаш зинда буданд, бо пули нафақаи худ барои ӯ доруву дармон мехариданд, вале баъди сари пиру кампир тамоман бе муттако монд.
Ҳоли зори бачаи бесавод
Зиндагии қашшоқона имкон надод, ки ӯ таҳсилашро давом диҳад ва ҳамин тавр бе савод монда, то ба имрӯз азоб мекашад. Азбаски хонаву дар ва ягон ҷою макон надоштанд, ночор ҳамсараш Сангинмоҳро гирифта, ҳамроҳи оилааш рӯ ба пойтахт овард, вале...
Дар шаҳри калон зиндагӣ кардан барои Аҳад барин ҷавонмарди деҳотӣ, ки на маълумот дорад ва на ягон касбу ҳунар хеле душвор буд. Дар иҷорахонаҳои сарду пурнам моҳҳо бе барқу гармӣ зиндагӣ карда, онҳо ду фарзанди гул барин зебояшонро аз даст доданд.
“Ҳаргиз аз диламон ин алам намеравад, ки бачаҳоямон аз хунукӣ мурданд”-мегӯянд зану шавҳар б дард.
Оҳанпора-луқмаи нон
Пештар ба бемориаш нигоҳ накарда, Аҳад гоҳ бо мардикорию гоҳи дигар бо ҷамъ кардани оҳанпора аробаи зиндагиро мекашид ва барои зану бачаҳояш як луқма нон ёфта меовард, вале “марди камбағалро дар болои уштур саг мегазад” гуфтагӣ барин, бар асари як ҳодисаи нохуш пояш аз буҷулак маъюб шуда монд.
Акнун ӯ дигар имкони кор кардан надорад ва ҳамсару кӯдаконаш сахт азоб кашида истодаанд.
Бо ду кӯдак дар кӯча мемонем
“Панҷ моҳ боз пули иҷораро дода наметавонем. Соҳиби хона таъкид каржда истодааст, ки агар ин мҳ ҳам иҷорапулиро надиҳем, моро аз дар берун мекунад. Аз ҳамин манзили сарду пурнам ҳам монем, бо ду кӯдаки хурдсл тамоман дар кӯча мемонем. Намедонам он гоҳ ҳоламон чӣ мешавад...”-мегӯяд Сангинмоҳ оби дидагонашро пок карда истода.
Ба қавли ҷавонзан, айни ҳол онҳо дар хона ҳатто картошкаю пиёз ва равған надоранд, ки ягон дами гарм пухта шиками худу бачаҳояшонро ақаллан нимсер кунанд.
Печка аз “мусорка”
Фирӯза САТТОРӢ, [16.11.2021 11:58]
“Росташро гӯям, аз партовгоҳ (мусорка)як печкаи кӯҳна ёфта, онро ба таври худам таъмир карда будам. Базӯр симҳояш нимколасурх шуда, каме гармӣ медод, вале он ҳам тамоман корношоям гашт. Бо пойи маъюб дар ягон ҷо кор карда наметавонам. Пул нест, ки ангиштсанг ва ҳезум харида хонаро гарм кунем. Ҳамин тавр бо ду фарзанд дир-дир ларзида шабҳро саҳару рӯзҳоро бегоҳ мекунем. Фасли сарди зимистон дар пеш аст. Барф борад, ҳоламон чӣ мешавад, намедонам...”-мегӯяд Аҳад хиҷолатмандона сар афканда.
-Падару модари ҳамсаратон ёрӣ намераснанд?-мепурсам аз Аҳад.
-Падари занам маъюб (нобино) аст, модараш як пиразани умраш ба ҷо расида, бечораҳо худашон ба дастгирӣ ниёз доранд,-мегӯяд дар ҷавоб мард ва оҳи сард мекашад.
Некӣ куну ба об андоз
Ин оилаи камбағал бо ду кӯдаки хурдсол имрӯз ба дастгирии мову шумо ниёз доранд. Шахсоне, ки мехоҳанд барои ризои худованд ба сӯйи ин зану шавҳари дармонда ва тифлакони бегуноҳашон дасти мадад дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои 918-40-92-88 занг зада, бо худи Аҳад ва ҳамсараш Сангинмоҳ ҳамсӯҳбат шаванд ё рафта ҳолу аҳволи онҳоро бо чашмони худ бубинанд.