Аввалин парвози тайёра дар хатсайри Душанбе-Панҷакент, ки мебоист рӯзи 14-уми январ сурат мегирифт, ба рӯзи 16-уми январ мавқуф гузошта шудааст.
Ширкати “Тоҷик Эйр” хабар додааст, ки сабаби тағйир ёфтани санаи парвоз шароити номусоиди боду ҳаво дар масири ҳавоӣ аст.
«Бо вуҷуди хуб будани ҳаво дар Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз шароити номусоиди боду ҳаво боқӣ мемонад. Ба хотири бехатарӣ парвоз ба таъхир гузошта шуд”,- шарҳ додааст ширкат.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл "Тоҷик-Эйр" дар бораи парвози тайёраҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Панҷакент хабар дода буд. Нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Кӯлоб 350 сомонӣ ва дар масири Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ гуфта шуд.