Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025-ро тасдиқ кард.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми кишвар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Эсхата»-и Хуҷанд вомехӯранд. Ин дидор рӯзи 14-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон-2025 сад ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷоиза бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштирокчии рақобати финалӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.