Formula novemver 2024
Самбӯсаи шашликӣ
1606

Маҳсулоти лозима:

Равғани маска - 250 грамм

Тухм - 2 дона

Қаймоқ - 200 грамм

Маводи ковоккунанда - 10 грамм

Намак - 10 грамм

Орд - 600 грамм

Барои қимма:

Гӯшти қимма - 500 грамм

Пиёз - 2 дона

Намак, мурч, зира - мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Дар зарф равғани маска, тухм, қаймоқ, намак, маводи ковоккунанда илова карда, омехта мекунем. Пасон, орд илова мекунем ва бо дастамон хуб омехта карда, дар селофан мегирем, хамирро муддати 15 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем. Барои қимма гӯшт ва пиёзро аз гӯштқиммакунак мегузаронем, намак, мурч, зира мувофиқи табъи худ илова карда, омехта мекунем. Хамирро аз яхдон бароварда, ба зуволачаҳо тақсим мекунем. Зуволаҳоро тунук карда, қиммаро дар дарунаш андохтаву мепечонем. Самбӯсаҳоро 3-донаи дар чӯбчаҳои якхела гирифта, ба болояшон тухм ва кунҷид илова мекунем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 25-30 дақиқа то пухтанаш меистад. Самбӯсаҳо ки пухтанд, дар зарф гирифта, истеъмол мекунем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД