arzon replenishment
Самбӯсаи мурғӣ бо лаваш
317

Маҳсулоти лозима:

Филе

Пиёз

Булғорӣ

Намак ва мурч

Лаваш

Панир

Тухм

Кунҷид

Тарзи таҳия:

Дар аввал гӯшти синаи мурғро реза карда, дар оташи паст бирён мекунем. Сипас, пиёз, булғорӣ, намак ва мурч ҳамроҳ карда, каме таф медиҳем ва мемонем хуб бирён шавад. Пас аз он, лавашро аз байнаш 2 тақсим карда, қиммаи бирёнкардашударо дар байнаш мегузорем ва ба болояш панирро аз тарошак гузаронида, ба болои қимма мепошем ва самбӯсаҳоро мепечонем. Баъдан, дар қолаб коғази пергамент тунук мекунем ва самбӯсаҳоро дар он мечинем. Ба болои самбӯсаҳо зардии тухм молида, кунҷид мепошем. Дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 20-25 дақиқа мепазад. Ин навъи самбӯса ҳам вақтро кам мегирад ва ҳам хеле иштиҳоовар аст, ки лаззаташ ҳеҷ гоҳ аз коматон намеравад. Аз дастури мо истифода бурда, ин гуна самбӯсаро омода кунед ва хони худро зебою болаззат оро диҳед.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД