Дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи ба номи Ибни Синои ноҳияи Вахш тифлони сегоник таваллуд шуданд. Дар ин бора рӯзноманигор Абдурозиқ Азиззода дар саҳифаи фейсбукаш иттилоъ дод.
Ба навиштаи рӯзноманигор, табибони момодоя бо вуҷуди ҷавонӣ бо дониши фаррохи соҳавӣ тавассути буриши қайсарӣ як писару ду духтарчаро ба дунё оварданд. Модари навзодон Миҷгона Мумирова ва ҳарсеи тифлон вазъи хуби сиҳатмандӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи тавлиди навзодони то шашгоник ба қайд гирифта шуд, вале мутаассифона, ҳамаи онҳо баъди таваллуд фавтиданд.