Arzon march 2024
Салам Ашурмамадов бо"Думиенсе" пайваст
02.02.2023
ОИЛА
447

 

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Салам Ашурмамадов бо дастаи футболи "Думиенсе"-и Португалия қарордод имзо карда, минбаъд дар ҳайъати ин дастаи бозӣ хоҳад кард.

Дар ин бора маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ашӯрмамадов қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва “Истаравшан” бозӣ мекард. Дастаи нави Салам “Думиенсе” дар ҳайъати девизиони чорум буда, яке аз дастаҳои пурқуввати футбол дар Португалия ба шумор меравад ва дар гурӯҳи “А” ҷойи 8-умро ишғол менамояд.

Ёдрас мешавем, ки Салам Ашӯрмамадов 19-сол дошта, дар 24 бозӣ дар чемпионати Тоҷикистон дар ҳайъати дастаҳои “Истиқлол” ва “Истаравшан” 5 гол задааст.
Аз моҳи январи соли 2022 Арӯшмамадов ҳамчун агенти озод ба таври мустақилона машқу тамрин мекард ва тобистон ӯро ба ҳайъати дастаи "БроукБойз" даъват намуданд.

Портали олмонии Transfermarkt арзиши Салам Ашӯрмамадовро 100 евро муаян намудааст, ин дар ҳолест, ки соли гузашта қимати ин футболисти тоҷик 125 ҳазор евро буд.

Салам Ашурмамадов фарзанди футболбози дастаи машҳури “Помир” Алиёр Ашӯрмамадов буда, 18-марти соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД