Саидмукаррам Абдулқодирзода: Ҳаҷи умра ҳаҷ нест!
184

Ҳаҷи умра ҳаҷ нест. Кас, агар ҳазор бор ба ҳаҷи умра равад ҳам, ҳаҷи фарзӣ аз гарданаш соқит намешавад.

Ин нуктаро имрӯз раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баён дошта, гуфт: “Ҳаҷи умра албатта савоб дорад, вале он ҳаҷи фарзиро аз гардани шахс соқит намесозад. Мусалмон аз ду коре, ки савоб дорад, бояд кореро интихоб намояд, ки савобаш бештар ва давомноктар аст”.

Дар идомаи суҳбат раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба садақаи ҷория ишорат карда, гуфт, сохтмони роҳ, пул, мактаб, ятимхона ва ба ҳамин монанд корҳое, ки нафъашон ба шумораи зиёди мардум мерасад, савоби бештар дошта, то замоне, ки онро истифода мебаранд, хайру савобаш ба шахси хайркарда мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД