Дар вилояти Хатлон сагҳо ҳудуди 3800 нафар одамонро газидаанд. Дар ин бора Нурулло Бояков, роҳбари Маркази назорати санитарии вилоят хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки соли 2024 дар вилояти Хатлон ҳудуди 3800 нафар бо шикоят аз газидани саг муроҷиат намудаанд. Албатта ин рақам кам нест, вале дар қиёс бо як соли пеш ҳодисаҳои одамонро газидани сагҳо 37 адад камтар шудааст.
Ҳудуди 80% осебдидагонро сагҳои маълум газида, ба онҳо сари вақт ваксинаҳои зарурӣ гузаронида шудааст.