shoh palace
Саги гӯшкалонтарин
840

 

Вақте ки Пейҷ Олсен бори нахуст сагчаи зоти кунхаундро дид, бо тамоми ҳастӣ ошиқи зори ин ҷонвар гашт. Пейҷ ҳамеша эҳсос мекард, ки саги ӯ беҳад гӯшҳои калон дорад, вале ҳеҷ гоҳ гумон надошт, ки маҳз бо ҳамин хусусияташ ҷонвари ӯро ба китоби рекордҳои Гиннес шомил месозанд. Акнун саги Пейҷ бо гӯшҳои 34 сантиметраи худ ба қатори рекорддорони китоби Гиннес ворид шуд. Тавре Пейҷ гуфтааст, нигоҳубини гӯшҳои саги ӯ заҳмати зиёдро талаб намекунад, танҳо дар фасли зимистон кулоҳи махсус пӯшидан лозим меояд, то ки дар барф олуда нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД