“Раводиди ҳаҷ ва умра барои ҳоҷиёну зоирини Маккаи мукаррама ройгон аст ва раводиди ҳаҷҷи умраро аз сафорат ширкатҳои мутахассис, ки аз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома доранд, бе ягон пардохт мегиранд”
Ин нуқтаро Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар изҳороти худ , пас аз нашри матлабе дар сомонаи Радиои Озодӣ баён намуд ва нусхаи он дастрасӣ сомонаи “ОИЛА ТҶ” гашт.
дар матлаби Радиои Озодӣ корманди яке аз ширкатҳое, ки зоиринро ба умра мебаранд, гуфтааст, ки $500 доллар аз пуле, ки зоирин месупоранд барои гирифтани визо ва боҷи давлатии Саудӣ масраф мешавад.
Вобаста ба ҳамин нуқта навиштааст, ки Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи мавзӯъ, изҳор менамояд, ки раводиди Ҳаҷҷи умра аз Сафорат содир мешавад ва он чӣ дар хабар омадааст, ҳеч асосе надорад. Хусусан роҷеъ ба он, ки гӯё Шоҳигарӣ барои додани раводиди ҳаҷ ва умра маблағе меситонида бошад.
Изҳороти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон вобаста ба сафари уммра ва раводиди зоирин дар ҳолест, ки солҳои охир танҳо ба ду ширкат иҷоза дода шудааст, ки онҳоро ба ҳаҷҷи умра бибаранд.