Formula novemver 2024
Сафорат аз муҳоҷирон хост ба ҷанг нараванд
1092

 

Сафорати Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр дар як хабарнома гуфт, «иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ» тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Изҳороти Сафорати Тоҷикистон ду рӯз баъд аз он ки Сергей Собянин аз таъсиси сохтори нав дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" хабар дод. Ба иттилои шаҳрдори Маскав, ин сохтор раванди бастани шартнома бо неруҳои мусаллаҳи Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ осон мегардонад. Бархе муҳоҷирон мегӯянд, аллакай барои хидмат дар артиши Русия даъват шудаанд.

Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Солҳои пеш чандин нафар бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, мақомоти Узбекистон ҳам ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки ба ҳеч сурат барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина розӣ нашаванд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик дар солҳои ахир талош карданд шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, гирифтани шаҳрвандӣ дар Русия онҳоро аз ҷабри пулис ва супоридани пули патент озод мекунад. Ба ин хотир бархе муҳоҷирони тоҷик тарафдори хизмат дар артиши Русия ҳастанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД