Шоҳигари Арабистони Саудӣ дар пояи паймонҳо, созишномаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки ба Созмони Милали Муттаҳид ворид менамояд, доимо ҷонибдори сулҳ аст ва мехоҳад миёни ду кишвари мусалмонишин доимо сулҳу субот ҳукмфармо бошад.
Яке аз мавзӯъҳое, ки дар чорабинии имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт, мавзӯи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон буд. Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар чорабине, ки бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, изҳори назар кард.
Ҳамчунин ҷаноби Сафир дар идома қайд кард, ки бегуноҳоне, ки дар ин минтақаҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд, натиҷаҳои ҳамлаҳои мусаллаҳона ҳастанд. Дар масъалаи ҷанг ягон кас ғолиб нест, ҳама зиён мебинад, ҳама хосир ҳастанд. То ҷое мо маълумот дорем, протоколи сулҳ ба имзо расид ва қадамҳои устуворе дар ин замина гузошта шуд. Бисёр мехоҳем, ки ҳикмат нақши худро бозаду мардум сари масъалаи оромӣ ва сулҳу субот дар минтақа ҷамъ шаванд. Зеро ин ду кишвар, яъне Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам часпида ҳастанд, мардуми ду кишвар дар як минтақа зиндагӣ мекунанд ва ягона роҳ пойдор кардани сулҳ аст ва дигар роҳе нест.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 30 соли ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, саёҳӣ ва дигар масоил фоли нек хонда, таъкид намуд, ки дар оянда муносибатҳои аз ин ҳам мустаҳкамтарро ба манфиати ҳарду ҷониб роҳандозӣ мекунем.
Арабистони Саудӣ дар миёни 20 кишвари пешрафта аз лиҳози иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад. Имсол 30-юмин солгарди муноситабҳои ду кишвар Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон қайд карда мешавад.