Arzon march 2024
Сафир муносибатҳои хуби тоҷику туркро гуфт
428

7 сол қабл, санаи 15-уми июли соли 2016, дар кишвари Туркия табадулоти низомӣ ба вуқуъ пайваста буд. Ин гардиш ҷони 251 нафарро рабуд.

Имрӯз ба хотири ёддошти ҷони қурбоншудаҳо Сафорати Туркия дар Душанбе чорабинӣ баргузор намуд. Ёдбуди мазкур дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони тоҷику турк доир гардид.

Умут Аҷар, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ гуфт, соли 2016 Туркия дучори табалудоти низомии хунине бо роҳбарии руҳонии турки муқими Амрико Футҳуллаҳ Гюлен шуд.

"Ин шахси зикршуда бо ҳар роҳ мехост ақида ва мафкураи ҷавононро иваз намуда, тағйироти низомиро ба роҳ монад. Ӯ бо ин мақсад тамоми мактабҳои Туркияро зери роҳбарӣ гирифта, ақоиди худро тарғиб менамуд. Ӯ ин амалро дар давлатҳои хориҷ зери унвони "ёрии бебозгашт" ва “савоб” анҷом медод. Ба ин баҳона, тафакури насли наврасро ба мақсади худ мувофиқ менамуд ва ғуломони ҳалқа бар гӯш омода менамуд", - гуфт Сафир.

Зикр шуд, ки хушбахтона, Туркия ин ҷараёнро бартараф намуда, маорифро зери назорат гирифт. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин мактабҳо зери назорати давлат қарор гирифтанд.

Сафир дар охири суҳбаташ аз робитаи хуби байни давлату мардуми тоҷику турк бо ифтихору сипос ёд намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД