Commerc banl
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод
30.09.2025
Oila.tj
320

Имрӯз, 30-юми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шудааст, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд.

“Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад”,- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Сарвари давлат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД