arzon replenishment
Сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Куриё аз моҳи апрел оғоз мешавад
393

Сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ аз моҳи апрели соли 2025 оғоз меёбад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода маълумот дод.

Тавре зикр гардид, “ҷониби Куриё бештар ба муҳоҷирони меҳнатие ниёз дорад, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд. Талабот ба кафшергарон (сваршикҳо) хеле зиёд мебошад. Айни замон зиёда аз 70 нафар дар марказҳои касбомӯзии вазорат касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва забони куриёиро омӯхта истодаанд. Ҷараёни омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ барои сафари корӣ ба Куриё идома дорад. Дар сурати аз суҳбат гузаштан, гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки асосан кафшергарон мебошанд, моҳи апрели соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Куриё сафарбар карда мешаванд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД