arzon replenishment
Сағерадухтар (Қисми 2.)
2916


Авсунҷн, ҳеҷ аз ӯҳдаи нест кардани ин шумдухтар набаромад истодаам–дия! Ба шавҳарам гӯям, “занак, агар ин корро кунам, баъд дар байни мардум чи гуна сар мебардорам?!” гӯён розӣ намешавад.

Зан ба гапҳои авсунаш ба диққат гӯш доду пасон гарданбанди тиллояшро аз гарданаш гирифта ба вай дароз кард:
-Авсунҷон, ин занҷири тилло ба Шумо хеле мазебад. Гиред, ин аз ман бароятон тӯҳфа!
-Чаро ин гарданбанди тиллоии қиматбаҳоро ба ман медиҳед?-ҳайратмез пурсид модарандари Зулола.
-Росташро гӯям, панҷ-шаш сол пештар ба ин ятимча писарам дастдарозӣ карда буд. Ин гап бояд дар байни худамн монад. Шумо ба шавҳаратон гӯед, ки духтарат бероҳа шудааст, шояд алакай номусашро низ бохта бошад. Бовар накунӣ, Зулоларо ба духтур бурда, аз ташхис гузарон.

Мегӯед, ки ҳар шаб ба назди духтарат ҷавонҳои бузбала ишқбозӣ мебиёянд ва ман худам яке аз ошиқони зулоларо вақти аз девор гузаштанаш бо чашми сарам дидам ва ғайраву ҳоказо...
- Бисёр фикри хуб, аммо ин сағерадухтар дар бораи писаратон ба падараш гӯяд-чи?!
-Ваҳ, инашро фикр накардаам-ку! Беҳтараш шавҳаратонро бо ягон баҳона ба кӯча фиристед. Мо ба хонаатон рафта нағзакак ин сағерадухтаррор адаб медиҳем ва мурданивор зада, таҳдид мекунем, ки агар дар бораи кри крадаи писарам ба падараш даҳон кушояд, ӯро зинда намемонем...
Ин фикр ба ҳарду маъқул афтод.

ххххх
Рӯзи дигар ин ду зани худонотарс духтараки ятимро лату кӯб карда, чунон бераҳмона заданд, ки дар бадани Зулолаи бечора ягон ҷойи обод намнда, тайёр буд барои халос шудан аз зарби чӯб ҳама чизро ба гардан гирад. Аз тарси ҷон духтарак таги як курта аз хона фирор кард ва ҳамон рӯз то намози шом дар кӯчаҳо сарсону саргардон шуда, оқибат дар пушти дари як кампираки рус нишаста зор-зор гиря кард. Зулолаи гирён умед дошт, ки падараш дар хона н абудани ӯро дида ба суроғаш меояд ва занашро барои ин краш ҷазо медиҳаду моиндараш аз вай бахшиш мепурсад, аммо хаёлаш хом баромад. Падараш ба суроғи вай наомад ва омада ҳам наметавонист, зеро зани шайтонсираташ ба вай гуфта буд:
-Ҳой мардак, дониста бош, агар барои духтаратро овардан равӣ, дар байни мардум овоза паҳн мекунам, ки ту ба нмуси духтарат дастдарозӣ кардаӣ!

Падари Зулола, ки шаттоҳии занашро медонист, аз тарси он ки ин зани шайонсират бо туҳмат ӯро дар байни мардум бе брӯ ва шарманда накунад, фарзандашро суроғ накард...

хххх

Рускампир вақте Зулолаи гирёни аз хунуки ларзида истодаро дар пушти дараш дид, дилаш ба ҳоли духтарак сӯхта, ӯро ба хонааш даровард ва чой дам карда, як истакон ҷой доду ба китфаш рӯймоли гарм партофта, гармаш кард.

Духтарак аз бешавқатии одамон ва бевафоии дунё ранҷида, дилаш аз зиндагӣ ях барин хунук шуда буд, вале баъди камтар ба худ омадан ба кампир саргузашти талхашро қисса кард.
-Бечора духтар, агар модарат дар ҳаёт мебуд, ту ҳаргиз ин рӯзҳоро намедидӣ. Эҳҳҳ модарат тилло занак буд. Ҳар гоҳ, ки маро бинад, бо табассум “Лиляхола ба хона биёед, ҳеҷ набошад, як пиёла чой хӯред” мегуфт. Ин зани нобакор аз куҷо бо падарат ҳамроҳ шуд. Падари латтаат акнун мисли ғуломи ҳалқабаргӯш аз хати кашидаи завҷааш намебарояд. Хайр, ту зиқ нашав Зулолаҷон, аз ҳамин рӯз эътиборан ту духтари ман ҳастӣ. Ман туро Зоя ном мегузорам,-гуфт кампир.

Зулола қариб ду сол бо ин кампираки рус хурсандона зиндаги кард, аммо чархи гардун нигоҳи сарди худро боз ба сӯйи ин сағарадухтар дӯхт. Писари кампир омада хост ӯро ба Маскав барад, аммо барои бурдани Зулола иҷозатномаи падараш лозим буд. Мондарандараш намехост, ки Зулола дар Маскав кайфу сафо карда гардад, аз ҳамин хотир истодагарӣ кард, ки шавҳараш ба рафтани духтараш ризоият надиҳад.

Кампири рус ҳарчанд илтиҷову зорӣ кард, падар ба бурдани духтараш розӣ нашуд ва билохира Лилияхона маҷбур шуд, ки бе Зулола ба Маскав равад.
ххххх
Бечораи ятимдухтар боз дар кӯча монд. Шабонгаҳ дар кӯчаҳои шаҳр бо дили гурусна ва беҳолу бемадор Зулола танҳо мегашт, зеро ҷойи рафтан надошт. Дар ҳамин ҳол марде, ки тахминан синнаш аз сӣ гузашта буд, Зулоларо танҳо дида наздаш омад. Чашмони мард аз нӯшидани зиёд суп-сурх гашта буданд ва мисли гурги гурсна чанг зада дасти Зулоларо қапиду пурсид:


-Шабонгаҳ танҳо чӣ кор карда гаштаӣ духтарак?
Зулола, ки аз ҳаёт дилсард гашта буд, рост ба чашмони мард нигоҳ карда пурсид:
- Одам кушта метавонед?
-Ту чӣ, чӣ гуфтӣ? - дасти Зулоларо сар дода пурсид мард, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизр набуд.
-Ман аз зиндагӣбезор шудаам! Ҷонам ба лабам расидааст. Аз ҳаёт, аз инсонҳои бешавқат хаста шудаам. Илтимос мекунам, маро кушед, то аз ҳамааш халос шавам...
Марди маст б шунидани ин суханони духтарак ба худ омад. Гиряи зори ин ятимдухтар марди мастро ҳушёр кард ва ӯ бо раҳм ба Зулола нигариста пурсид:
-Ба ту чӣ шуд хоҳарам? Канӣ аз аввалаш нақл кун...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД