Sebiston new 2024 october
Сағерабача Қисми 7
1435

Самад якравии пиразанро дида, розӣ шуд ва аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки барои меҳмон кулчаву тӯша пазад.

Субҳи рӯзи дигар зану шавҳар ба бозор рафта, барои меҳмон рӯймоли калон, чанд либос куртавории қиматбаҳо ва дастурхони зебое хариданд.
Ҳамон бегоҳ писарони пиразан барои бурдани модарашон омаданд. Зани Самад дастурхонро пур аз кулчаву қандҳои қиматбаҳо кард ва куртавориҳои харидаашро ба болояш гузошта, ба дасти кампир дод.

-Духтарам, лозим нест, охир ман дасти холӣ ба хонаи шумо омадам, барои чӣ ту дастурхонро пур аз кулчаву тӯша карда, ба ман медиҳӣ,-шарм дошта гуфт кампир.
-Ҳеҷ гап не модарҷон, ин фақатяк барги сабз аст. Одам набояд меҳмонро аз хонааш хушку холӣ гусел кунад,-ба ҷойи занаш ҷавоб дод Самад ва дастурхонро ба боғочи мошин гузошта, ба онҳо роҳи сафед орзу кард.

-Писарам, ту ба ман аз фарандони худам ҳам бисёртар хизмат кардӣ. Агар ту намебудӣ, ман ҳамон шаб мурда мерафтам. Дар шоҳидии ана ҳамин писаронам ман туро ба фарзандӣ қабул кардам. Насиб бошад, сиҳату саломат ба хона расам, як маъракача карда, туро ҳам даъват мекунам. Илтимос, зану фарзандонатро гирифта, ба деҳаи мо биё. Агар набиёӣ, сахт хафа мешавам,-таъкид кард кампир вақти ба мошин нишастан.

-Меравем, албатта меравем. Наход шумо даъват кунеду мо наравем,-гуфт бо табассум Самад.
Мошин ба роҳ баромад. Духтур аз паси он дурудароз маънидорона нигарист...

Сирри фошгашта

Ду-се ҳафта пас писарони камапир занг зада, Самадро ба меҳмонӣ даъват карданд. Духтур ҳам нею нестон накарда, бо дастовезҳои зиёд ҳамроҳи зану фарзандонаш ба хонаи бемораш ба меҳмонӣ рафт. Пиразан дар назди дарвоза онҳоро бо табассум пешвоз гирифт ва садқаю баднаашон шуда, дар пеши пойи Самад пойандоз густурд. Соҳибхона ба шарафи омадани меҳмонони азизаш хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро низ хабар карда буд ва хурду калон бо ҳавас ба меҳмонони шаҳрӣ менигаристанд. “Чеҳраи ин духтур ба назарам бисёр гарму ошно метобад.

Гумонам, ки ӯро дар ким-куҷое дидаам” пичиррос зад зери лаб ҳамсояи девордармиёнашон чашмашро аз Самад наканда. “Эй ин гапҳоро монед ҳамсоя, охир ин меҳмонҳо аз шаҳр омадаанд.Мову шумо умре аз деҳа берун нарафтаем, ин ҷавони олуфтаро дар куҷо дида метавонистем. Таърифҳои кампирро дар бораи ин духтури некӯкор бисёр шунида, чеҳрааш ба назаратон гарм менамояд” даст афшонд ҳамсоязани дигар.

Ҳамин тавр Самад ва зану фарзандонаш бо обу иззат пешвоз гирифта, ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздашон гӯштбирён кашиданд. “Модар, беҳуда ташвиш кашидед, ба ин қадар сарфу хароҷот карданатон ягон ниёз набуд” худро ноҳинҷор ҳис карда гуфт духтур.
Пиразан бо табассум ба ӯ нигариста ҷавоб дод:

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД