arzon replenishment
Садриддин дар Канада ҷоиза гирифт
490

Садриддини Наҷмиддин аз ҷумлаи сароядаҳои шинохтаи тоҷик дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш аз дастоварди худ хабар додааст. Ин ҳунарманд имрӯзҳо дар Канада умр ба сар мебарад ва аз ҷониби телевизион бо ҷоизаи махсус қадрдони шуданашро барои худ шараф меҳисобад.

Дар аксҳое, ки Садриддини Наҷмиддин дар саҳфааш гузоштааст, дида мешавад, ки ин ҷоизаро Фарҳоди Дарё, сарояндаи афғон, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои форсизабонони дунё шуҳрати ҷаҳонгир дорад, супоридааст.

Садриддин менависад:
“Гирифтани ҷоиза аз ҳунарманди шинохтае ба мисли Фарҳоди Дарё лаҳзаи хушу хотирмон аст. Он аз номи навомадагон аз Афғонистон дар рӯзи таҷлили Ид супурда шуд. Корхонаи муштараки телевизиони Нобели Афғонистон (Мустафо Саами) ва Хадамоти полиси Торонто барои 800 нафар навомадагон аз Афгонистон ва 300 нафар олимони афғон дар Канада дар консерти зинда баромад карданам шараф буд!”

Ёдрас мешавем, ки чор рӯз пеш Садриддини Наҷмиддин суруди навашро бо номи “Бинавис” дар ютубканаш пахш кард, ки дар муддати кутоҳ тамошобини зиёд гирифтааст.
Чандин сол боз ин ҳунарманди тоҷик ҳамроҳи аҳли оилааш дар Канада зиндагӣ мекунанд .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД