Пас аз хатми мактаб ман ба Коллеҷи омӯзгорӣ дохил шудам. Дар аввал ба хонаамон хостгорони зиёд меомаданд. Аммо ман хонданро аз бахт муҳимтар донистам. Ҳама хостгоронро рад мекардам. Бо гузашти солҳо донишгоҳро хатм кардам. Орзуҳоям амалӣ гаштанд, аммо синну солам калон шуд. Дигар касе ба хостгориам намеомад.
Баъзан зиқ шуда, рӯзҳои истироҳат ба тамошои шаҳр мебаромадам. Рӯзе дар боғ бо ҷавоне шинос шудам. Мо рақамҳои телефони якдигарро гирифта, бо ҳам суҳбат мекардем. Ҷавон ба ман бисёр маъқул шуд. Рӯзе ӯ аз ман хоҳиш кард, ки ба хонаи онҳо равем. Маро бо модараш шинос мекардааст.
- Модарам бисёр зани меҳрубон аст. Туро дида, боварӣ дорам, маъқул мекунад,- гуфт ӯ.
Ман розӣ шудам. Ба хонаи онҳо рафтем. Модараш дар ҳақиқат бисёр зани хоксору меҳрубон буд. Маро хуш қабул кард. Сипас баъди чанд рӯз онҳо ба хостгорӣ омаданд. Азбаски ман духтари калон шудам, падару модарам бе ягон чуну чаро розигӣ доданд.
Толиб хурсандона аз пайи тараддуди тӯй мешуд. Аммо ба гӯши модарам ҳар гуна овозаҳо расидааст, ки гӯё ҷавон зан доштаасту аз рӯи бефарзандӣ аз занаш ҷудо шудааст.
Вақте ин гапҳоро шунида, аз Толиб пурсидам, ӯ ошкоро гуфт, ки ҳашт сол зиндагӣ карда, фарзанддор нашудаанд. Чӣ илоҷ, ночор падару модарам як тӯйи одие барпо карда, маро ба хонаи бахтам гусел карданд.
Падари Толиб барвақт вафот карда буд. Аз тӯй нав як ҳафта сипарӣ гашту рӯзе зани якуми Толиб даромада омад. Хушдоманам гуфт, ки “онҳо ҷудо нашудаанд, занаш розигӣ додааст, ки барои фарзанддор шудан зани дигар гираду ӯро напартояд. Чунки онҳо дӯст дошта, оиладор шудаанд. То гузаштани тӯй ӯро ба хонаи модараш равон карда будем”.
Ман бошам, лолу ҳайрон мондам. Ашк аз чашмонам беист ҷорӣ мешуд. Чанд рӯз гиристам, аммо аз гиряи беҳуда суде набуд. Сабру тоқатро пеша кардам.
Толиб як шаб бо ман буду як шаб бо зани якумаш. Занаш духтари бад набуд. Дар кӯтоҳтарин муддат мо ба якдигар унс гирифтем. Мисли дугона шудем.
Рӯзе падару модарам омада, аз асли воқеа хабардор шуда, дар аввал каме ҷанҷол бардоштанд. Ман онҳоро ором кунондам, ки ҳеҷ бадие надорад. Муҳим - ман хушбахтам. Мо мисли дугона ҳастем.
Хушбахтона, пас аз чанд моҳ ман ҳомила шудам. Хурсандии аҳли хонаводаро ҳадду канор набуд, хешу таборҳо хабари ҳомила шудани маро шунида, як-як барои табрики хушдоманам меомаданд ва ниҳоят бо пою қадами ман зани якуми Толиб низ ҳомила шуд. Аз ин кор зиёдтар Толиб хурсанд буд.
Аммо баъди ҳомила шудани зани Толиб феълу рафтори хушдоманам якбора тағйир ёфт. Беҳудаю баҳуда бо ман ҷанҷол мебардошт. Баҳсу муноқиша мекард.
Рӯзе ба ман гуфт:
- Келини худам ҳомила шудааст, ту дигар дар ин хона лозим нестӣ. Ман як келин дорам...
Бегоҳ гиря карда, суханони хушдоманамро ба Толиб расонидам. Ӯ ҳайрон шуда, гуфт:
- Гӯшатро ба карӣ андохта, гаштан гир.
(Давом дорад)
МАРЯМ