arzon replenishment
Садамаи марговар дар Айнӣ
800


Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи маргбор хабар додааст, ки бар асари он сарвари як хонавода ҷони худро аз даст дода, манзилаш мотамсарой гашт...

Тавре ки манбаъ менависад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26-уми сентябр, тахминан соатҳои 17:45 сар зада, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Камаз» Ӯрунбадалов Ибодулло Усмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар мавзеи «Хушекат»-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 700-800 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, ронанда Ӯрунбадалов И.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД