7 нафар бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумоти расонаҳо, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 28-уми июн қабл аз зуҳр дар ҳудуди деҳаи Хамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯй дода, се мошин якбора ба ҳамдигар бархӯрдаанд. Ронандагон сокинони ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Хуҷанд ва як нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон будааст.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 7 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин шумора 2 нафарашон ноболиғ ва шаҳрвандони Ӯзбекистонанд. Бар асари ин ҳодисаи нохуш ҳамчунин 3 шаҳрванди болиғи Ӯзбекистон захмӣ шудаанд. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.
Тафтиши ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.