Рӯзи 3-юми июл дар қитъаи оби Тоғмати шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент як садамаи фоҷиабор рух дод. Мошини боркаши “Atego Mercedes” ба чуқурии тақрибан 150 метр ба дарёи Зарафшон афтодааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи ногувор ронандаи мошин Бахтовар Ҳақдодов, сокини 30-солаи шаҳри Панҷакент ҷони худро аз даст додааст. Як мусофири ҳамроҳи ӯ, ки дар дохили мошин будааст, зинда мондааст.
Кормандони наҷот ҷасади ронанда ва мусофири наҷотёфтаро аз соҳили дарё берун оварда, ба мақомот супурдаанд.