sebiston july new
Садамаи даҳшатбор
788

Садамаи даҳшатбор ва қурбонидошта дар шаҳри Душанбе шабона рухдода, ҷони як нафарро аз байн бурд.

Тавре Раёсати корҳои дохилии кишвар дар шаҳри Душанбе хабар додааст, санаи 18-уми марти соли 2023, тахминан соати 01:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»,Исроилов Асадбек Исмоилоғлу шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Чортоктумани вилояти Намангон, ҳангоми тавассути роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсум аз ҷониби маҳаллаи Зафар ба самти хиёбони И.Сомонӣ бо суръати баланд ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархурдааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса автомашинаи мазкур ба ду қисм ҷудо шуда, қисмати қафои автомашина оташ гирифта, ронандаи воситаи нақлиёт дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатхои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД