new banner new years
Садама ва гум кардани падар дар хоб чӣ таъбир дорад?
03.09.2023
ОИЛА
2528
no-img

Хоб дидам, ки дар як мошинем. Апам дар сари чамбарак нишаста мошин меронд ва кӯдакаш низ дар бағалаш буд.

Падарам дар пеш, ман, шавҳари апаам ва дӯсти падарам, раҳматии Тоҳир дар оқиб нишаста будем. Мошин бисёр башаст мерафт ва ман ҳар замон ба апаам “оҳистатар ронед, ки ягон фалокат мешавад” мегуфтам, вале дар ин миён апаам бо шавҳараш ҷанг шуданду аз қаҳру ғазаб дигар мошинро идора карда натавонист.

Мошин ба ҷарӣ афтида, ҳамаамон захмӣ шудем. Мошин чаппа шуда бошад ҳам, ману апааму шавҳараш зинда мондем, вале падараму раҳмати Тохир тамоман нест шуданд, на мурдаашон буду на зиндаашон.

Ман “отаҷон, отаҷон, отаҷон” гӯён гиря мекардам. Вақте ки бедор шудем, соат 12-и шаб шуда буд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Хоҳари азиз! Фикрҳои бадро аз саратон дур кунед. Дар хобномаҳо омадааст, ки бо шахси аз олам гузашта дар як мошин сафар кардан фоли нек буда, маънои онро дорад, ки шахси хобдида ва дигар касоне, ки ҳамсафари марҳум буданд, умри дарози пурбаракат мебинанд.

Шахсе, ки чунин хоб мебинад, ҳаёти хушбахтона ба сар мебарад ва беморию дарду ранҷро намебинад. Дар баъзе хобномаҳо чунин хоб ҳамчунин рамзи гулгулшукуфии ҳаёти шахси хобдида таъбир карда шудааст.

Дар хоб ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шудан низ ҷойи тарсу ҳарос надорад. Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки гирифтор шудан ба садама дар хоб хосияти бад надорад, баръакс садама дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида дар ҳаёти воқеъӣ ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ гардад ҳам, бе кӯмаки дигарон, танҳо бо қуввати худаш аз он вартаи душвор мебарояд.

Фақат хоб дидани марги худ дар садамаи чандон хуб нест. Кас хоб бинад, ки ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, ҷонашро аз даст додааст, дар асл ба доми фиреб гирифтор гашта, пулу молашро аз даст медиҳад.

Зан хоб бинад, ки шавҳараш дар садама вафот кардааст, дар хонаводааш ягон ҷанҷоли оилавӣ рӯй медиҳад.

Дар хоб аҳли як хонавода ба самада дучор шуда, захмӣ гарданд, байнашон барои мерос, хона ва ё пулу мол баҳсу мунозира ба миён омада, дили ҳамдигарро бо даъвоҳои зиёд захмӣ мекунанд.

Аз даст додани волидон бар асари садама дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида аз чизе сахт нораҳат гашта, асабӣ мешавад ва оби дида меразад. Дар маҷмӯъ садама дар хоб хосияти бад надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Миршакари Каландар 2023-09-05, 13:48
Хамаи таьбирхои хобро аз аввал то охир бад гуфтеду дар охир ба хулоса омадед ки садама дар хоб хосияти бад надорад?!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Миршакари Каландар 2023-09-05, 13:48
Хамаи таьбирхои хобро аз аввал то охир бад гуфтеду дар охир ба хулоса омадед ки садама дар хоб хосияти бад надорад?!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД