Sebiston new 2024 october
Садама ҷони домоду арӯси 4-моҳаро рабуд
932

Рух додани садамаҳои маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар қариб ҳамарӯза мушоҳида шуда, дар бархеи онҳо бештари мусофирону пиёдагардон зарар мебинанд.

Аз ҷумла, 22 сентябр, тахминан соати 17:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Мамаюсуф Мусиров. соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дар ҳудуди деҳаи Чашмасор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Саидов Фаридун Файзалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Хуросон, бархӯрдааст.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Саидов Фаридун ва ҳамсараш Миҷгонаи Зафарҷон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои дӯстонаш, Фариддун мутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ва ҳамсараш мутахассиси шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Осорхонаи миллӣ буданд.

Гуфта шуд, ки онҳо 4 моҳ қабл оиладор шуда, интизори тифл буданд. Ҷасадашонро дар зодгоҳашон, ноҳияи Хуросон, дафн карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД