arzon replenishment
САДҚАИ ИШҚАМ ШАВӢ, ХУРШЕДА!
28.02.2021
ОИЛА
3716

 

Хуршеда! Туро духтари боақлу босаводу боандеша гумон мекардам, вале хаёлам хом баромад. Ту на оне будаӣ, ки худро вонамуд мекардӣ. Афсӯс мехӯрам, ки ин қадар вақт сарамро беҳуда бо хаёли ишқи ту гарангу диламро хун карда гаштам.

Садқаи меҳру муҳаббати беолоиш ва ишқи покам шавӣ, сангдил! Ҳайфи дили поку содаи ман, ки ба пеши пойи ту барин дилношинос афтида, хору зору залил гашт! Ман аз дигарон чӣ камӣ доштам, ки дар назди ҳамсинфонам маро паст зада, дар ҳаққам гапҳои носазо гуфтӣ?! Кару кӯру шал нестам-ку! Мани зудбовар ба ваъдаю паймонат бовар карда, фикр мекардам, ки маро самимона дӯст медорӣ ва тайёр будам, ки ба хотири ту аз баҳри тамоми давлату сарвати олам бигзарам, вале ту ба ду пули пучак ҳам намеарзидаӣ, духтар. Пештар гумон доштам, ки тамоми моли дунё насибам бошаду ту бо ман набошӣ, бадбахти олам мешавам, вале зиндагӣ бе туи кӯрдил ҳам ширину хурраму шод мегузаштааст. Меҳронаю Мадина ҳам ҷойи туро гирифта метавонистаанду мани сода ин қадар сол беҳуда худамро дар ишқи ту обу адо карда гаштам. Хуршеда! Дониста мон, ягон рӯз албатта пушаймону зор шуда ба наздам меоӣ, аммо дер мешавад!

Худоё тири ишқи ман куҷо рафт,

Куҷо буду куҷо шуду куҷо рафт.

Агар пурсанд: ту аз ишқат чӣ дидӣ?

Вафо буду ба сӯи бевафо рафт.

Алибек, аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД