arzon replenishment
«Сад ранги чакан» дар шаҳри Душанбе
05.03.2025
Oila.tj
153

Имрӯз, 5-уми март, соати 13:00 дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор мегардад.

Тавре Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» имсол бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

- Фестивал ҳамасола бо фарогирии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мегардад. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат аз 25-уми январ то 15-уми феврал доир гардид. Даври дуюм дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо аз 18 то 28-уми феврал гузаронида шуд. Даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ 5-уми март бо ташкили барномаи консертию театрӣ ва мукофотсупорӣ ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол баргузор мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД