Sebiston new 2024 october
САБЗХАЗОН
4267

Ин субҳ зане бо қомати хамида ва дидаҳои ашкбор роҳ ҷониби олами хомӯшон мегирад. Чеҳрааш мисли барф сафеду нуронӣ, вале қоматаш бармаҳал аз бори ғам хам овардааст. Дар сар рӯймоли сафед ва дар дил аламе дорад ногуфтанӣ. Вазнин-вазнин қадам зада аз дарвозае медарояд, ки сокинонаш наметавонанд ба пешвози меҳмон бархезанд.

Селоби ашк рухсораҳои заҳири модарро мешӯяд  ва худро рӯйи гӯри хазонпӯшидае партофта, зор-зор мегиряд. Лабонаш базӯр меҷунбанд ва аз миёни селоби ашки хунину ҷонгудоз пичирросзанон мегӯяд:

Салом Фурқатҷон! Омадам, то кулбори аламҳои диламро дар пешат боз намоям. Омадам, то туро бо зодрӯзат муборакбод гуфта, қулфи ғами дар сина ниҳонамро кушоям, то бидонӣ, ки модари зорат бе ту чи рӯзи сиёҳе дорад. Аз он рӯзе, ки ту моро тарк намудӣ, корам танҳо гиряву нолаю фиғони ҷонгудоз аст. Зиндадаргӯрам кардӣ, бачаҷон!  Магар бо ҳамин умед яккаписари эркаю азизамро мисли гул бо меҳру муҳаббат парварда будам, ки домани хоки сардро манзил намояд?! Магар дар панҷ хонаи калони модарат намеғунҷидӣ, ки бо майли худ дар ин теппачаи хазонпӯшида маскан гирифтӣ, писари ҷавонмаргам?! Фурқатҷони сабзхазони оча, хазони болои гӯрат хазони умри ҷавони туро ба ёдам расонда, як ғами модари ҷигарсӯхтаатро ҳазор ғам кард. Ҷигарамро оқибат ғами ту пора-пора мекунад. Дар фироқат рӯзу шабон мисли абру борон мегиряму мегирям, чашми модарат баҳри дамон мебуд, бо ин қадар гиристан кайҳо обаш хушк мешуд, писарам! Ҳанӯз боварам намеояд, ки ту дигар дар олами мо нестӣ. Гумон мекунам, ки ҳамин ҳоло аз дар медароӣ ва бо ҳамон меҳрубонии зотиат садо мекунӣ: “Очаҷон, ман мисли гург гурусна мондам, ҳар чи доред, зудтар биёред!” Аз субҳ то шом танҳо бо ҳамин умед роҳатро мепоям, вале садҳо субҳ шому шом саҳар шуду ту дигар ёди модари зоратро накардӣ, Фурқатҷон!

Ҷони оча, малул машав, агар ин нолаи пур аз дарду доғи модари ҷигарсӯхтаат хоби роҳати туро дар зери хоки сард халалдор созад. Намехоҳам ҷисми озордидаат дар зери ин теппачаи хазонпӯшида бори дигар озор ёбад, чунки ту дар зиндагӣ касеро озор намедодӣ. Ақаллан як бор гапи сахт назадӣ, ки дилам аз ту сард  шавад. Осуда бихоб бачаи биҳиштии оча! Ман меравам, то писарат Юсуфро, ки ягона ёдгории ту дар ин дунёст, муборакбод бигӯям. Меравам, то дар симои Юсуфҷон туро дарёбам. Меравам, то писаратро ба оғӯш гирифта, бӯйи гуворои туро эҳсос намоям. Меравам, то бар рағми марг зиндагӣ тантана намояд. Ва дуо мекунам, ки давоми умри туро Худованд бубахшаду мисли падараш як бачаи баномусу меҳрубон гардад.

Осуда бош писарам, амонате, ки ту ба падару модар ва хоҳарат Рӯзигул мерос гузоштаӣ, ҳеҷ гоҳ  танҳою зору сарсон намешавад. Осуда бихоб, ҷони оча!

Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсӯс,

Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.

Кампири Рӯзигул бо ин суханон аз ҷояш бархост ва оҳи сарде кашида ҷониби баромадгоҳ равон шуд. Баргҳои хазонгашта бо наҷвои пурдард модарро гусел намуданд...

                   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД