Сабти ном дар лотереяи “Green Card” пулакӣ шуд
19.09.2025
Oila.tj
194

Хоҳишмандон барои сабти ном дар лотореяи “Корти сабз” ё худ “Green Card”-и Амрико аз ин пас бояд 1 доллари ИМА падохт кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА хабар медиҳад, ки ин тағйирот аз моҳи октябр мавриди амал қарор мегирад.

Маблағи баррасии минбаъдаи дархости раводид дар сурати пирӯзӣ дар ҳаҷми 330 доллар бетағйир боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ки пардохти нав барои пӯшонидани хароҷоти нигоҳдории система, нигоҳдории маълумот, интихоби худкор ва санҷиши амният кумак мекунад.

Мақомоти амрикоӣ ба ин назаранд, ки сабти номи пулакӣ ба “Грин корт” тахминан 25 миллион доллар даромади иловагӣ меорад.

Қаблан иштирок дар лотереяи Green Card комилан ройгон буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД