Ман як ҷавони шаҳрӣ ҳастам, ки дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам. Шукронаи давлати падар тиҷоратам рӯз ба рӯз пеш меравад.
Волидонам ҳар рӯз таъкид мекунанд, ки зудтар оиладор шавам. Ростӣ, дувуним сол аст, ки духтареро дӯст медораму тамоми камбудиҳояшро таъмин мекунам. Боре аз ӯ пурсидам, ки барои зани ман шудан розӣ аст ё не.
Дар аввал не гуфту баъди чанде ризоият дод. Аз хурсандӣ сарам ба осмон расида, аз сараш туҳфаҳои гаронбаҳо ва тиллову пул рехтам. Ҳол он ки дар давоми ин солҳо боре бо нияти бад ӯро ҳатто ба оғӯш нагирифтаам. Сабрина маънои зиндагиям гаштааст, бе ӯ дигар зиста наметавонам.
Агар ӯ лаҳзае бо ман бошад, тамоми мушкилоти худро фаромӯш мекунам. Вале аз рафтору гуфтораш ҳис мекунам, ки Сабрина маро дӯст намедораду барои аз ман пул кандан истифода мебарад. Аз шумо хонандагони гиромӣ хоҳиш мекунам, аз ман маслиҳати худро дареғ надоред.
Чӣ гуна ишқи Сабринаро аз сар берун кунам?
Д.Сабрина ду сол пулҳоямро хӯрду...
Ман як ҷавони шаҳрӣ ҳастам, ки дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам. Шукронаи давлати падар тиҷоратам рӯз ба рӯз пеш меравад. Волидонам ҳар рӯз таъкид мекунанд, ки зудтар оиладор шавам. Ростӣ, дувуним сол аст, ки духтареро дӯст медораму тамоми камбудиҳояшро таъмин мекунам. Боре аз ӯ пурсидам, ки барои зани ман шудан розӣ аст ё не. Дар аввал не гуфту баъди чанде ризоият дод. Аз хурсандӣ сарам ба осмон расида, аз сараш туҳфаҳои гаронбаҳо ва тиллову пул рехтам. Ҳол он ки дар давоми ин солҳо боре бо нияти бад ӯро ҳатто ба оғӯш нагирифтаам. Сабрина маънои зиндагиям гаштааст, бе ӯ дигар зиста наметавонам. Агар ӯ лаҳзае бо ман бошад, тамоми мушкилоти худро фаромӯш мекунам. Вале аз рафтору гуфтораш ҳис мекунам, ки Сабрина маро дӯст намедораду барои аз ман пул кандан истифода мебарад. Аз шумо хонандагони гиромӣ хоҳиш мекунам, аз ман маслиҳати худро дареғ надоред. Чӣ гуна ишқи Сабринаро аз сар берун кунам?
Д.