formula feb 2025
Сабр калиди хушбахтиву саодат аст!
02.01.2025
ОИЛА.ТҶ
248

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини шаҳри Хуҷанд, модари меҳрубон ва омӯзгор Ҳоҷибибӣ-Муҳаббатхон Ҳафизова мебошанд.

Андешаҳои муаллимаи азизро дар бораи тарбияи духтарон ва вижагиҳои он пешниҳоди хонандагон мегардонем:

- Ман фикр мекунам, ки ягон духтар бо нияти бад ба хонаи хушдоман намеравад, ин ҷо гап дар бораи тарбия ва муҳите меравад, ки духтар он ҷо ба воя расидааст. Модарон дар аксари ҳолатҳо дар бораи муносибатҳои бади хушдоман бо онҳо ба духтарони хеш қисса мекунанд ва дар дили духтарон ҳанўз ба хонаи шавҳар норафта ваҳмро ҷо мекунанд. Баъзе хушдоманҳои дар вақташ дар зиндагӣ аз дасти пайвандони шавҳар хушунатдида гумон мекунанд, ки келиндорӣ чунин аст. Барои ҳамин хушдоману келин бояд то ба ҳам омўхта шудан, сабр кунанд. Хоса келинҳои ҷавон бояд донанд, ки сабр калиди хушбахтиву саодат аст.

Мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» нашр мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД