arzon replenishment
Сабр калиди дари саодат аст
28.11.2024
ОИЛА.ТҶ
256

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» хушдомани ҷавон, сокини маҳаллаи 83-юми пойтахт Марҷона Азизмуродова мебошанд. Суҳбати мо бо муаллима дар мавзӯи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки дар мустаҳкамии оила нақши муҳим мебозанд, доир гардид.

Марҷона Азизмуродова дар мисоли зиндагии худ ба бонувони ҷавон чунин маслиҳат медиҳанд:

- Ман нав соҳиби келин шудаам, аммо аз мактаби оиладории ду зани бузург, модари азиз ва хушдомани меҳрубонам гузаштаам. Насиҳатҳои онҳоро шиори зиндагии хеш қарор додаам. Он шахсе соҳиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда метавонад, ки дар оилаи солим тарбия ёфта бошад. Дар зиндагии оилавӣ тамоми ин хислатҳо лозим мешаванд, аммо аз ҳама заруру фоидаовараш сабр, шукргузор будан, хоксорӣ, худро аз дигарон боло нагирифтан мебошад.

Расули Акрам дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд, ки «Худо бо собирон аст» ва «Худованд шукргузоронро дўст медорад». Сабр калиди дари саодат аст, танҳо одами бо сабр ба қуллаҳои баланди мақсуд мерасад. Шукргузор будан ба хонадон баракату шодмонӣ меорад. Ин ҳамаро аз бибиву бобоҳои хеш шунидаем ва дар зиндагии ҳаррўза ба кор мебарем.

Имрўз, ки омўзгор ҳастам, кўшиш мекунам дар зеҳни шогирдон низ хислатҳои ҳамидаи инсониро ҷо намоям.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД