Соли сеюм аст, ки сабадҳои озуқаворӣ дар арафаи иди Рамазон ба мардуми тоҷик расонида мешавад, ки аз орд, равған, биринҷ, лӯбиё, шакар ва дар маҷмӯъ маҳсулоти ниёзи аввал ташкил ёфтааст.
Дар ин бора Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, хабар доданд. Мавсуф илова кард, ки сабадҳои озуқаворӣ 7427 ададро ташкил намуда, ба панҷ шаҳру навоҳии кишвар равона карда шуданд ва дар маҷмуъ 44 562 нафар аз он бархӯрдор хоҳанд гашт.
Ёдовар мешавем, ки Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Саломон фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2016 ба роҳ монда, то имрӯз 26 лоиҳаро амалӣ намудааст, ки соҳаҳои амнияти озӯқаворӣ, барқарорсозии саривақтӣ, таъмини макони зист, маводи ғайриозуқаворӣ ва тандурустиро дар бар мегиранд.