Arzon march 2024
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати сабӯсаки сари мард
1390

Сабӯсак як беморӣ буда, дар мардон назар ба занон бештар ба чашм мерасад. Азбаски мардон бештар дар байни ҷамъият ҳастанд, бояд ҳамеша тозаю озода бошанд, мавҷуд будани сабусак бошад, метавонад таассуроти атрофиёнро нисбат ба мард дигаргун созад. Аз ин лиҳоз мардоне, ки сарашон сабӯсак дорад, худро ноҳинҷор эҳсос мекунанд.

Мард асабӣ шавад, сараш сабӯсак мекунад?

Ғизои нодуруст, истеъмоли аз ҳад зиёди шириниҳо ва хӯрокҳои равғанину бирёнии пур аз карбогидрат боиси халалёбии мубодилаи моддаҳо дар ҷисми мард гашта, дар натиҷа дар сар сабӯсак пайдо мешавад.

Асабонияти сахт ва фишори рӯҳӣ вазъиятро шадидтар гардонида, метавонад сари мардро пур аз сабӯсак кунад. Тамоми мушкилот ва ғаму андӯҳи дар дил пинҳон намудаи мард ба ҷисмаш зарар мерасонад. Дар натиҷа хастагии равонӣ ҷамъ шуда, боиси ба касалиҳои гуногун гирфтор шудан ва пайдо шудани сабӯсак мегардад.

Вақте пас аз ягон ҳодисаи нохуш ва ё фишорҳои пай дар пайи рӯҳӣ дар сари шумо сабӯсак пайдо мешавад, аз ҳар гуна шампунҳои зидди сабӯсак истифода накунед, чунки то асабатонро ором насозед, сабӯсак нест намешавад. Аз дорухона доруҳои таскинбахши асаб ва ватамин харида, истеъмол кунед. Асабҳоятон, ки ором шуданд, сабӯсак худ аз худ нест мешавад.

Ҳормонҳо гунаҳкор

Сабаби дигараш он аст, ки мӯйи сари мард нисбат ба зан равғанин мешавад. Вақте ки ҳормонҳо дар ҷисми мард халалдор мешаванд, пӯсти рӯй ва мӯйи сар равғанин мешавад. Дар сурати сари вақт табобат накардан вайроншавии сатҳи ҳормонҳо ба бемориҳои узвҳои ҷинсӣ бурда мерасонад, ки мардро то ба беззуриётӣ мебаранд.

Аз шампуни занона истифода накунед!

Баъзе мардон агар шампуни худашон тамом шавад, аз шумпуни занонаи дар хонаашон буда истифода мебаранд. Ҷисми зан аз ҷисми мард куллан фарқ мекунад, бинобар ин истифодаи шампунҳое, ки махсус барои занҳо истеҳсол шудаанд, метавонад боиси пайдоиши сабӯсак гардад.

Чанд маслиҳат ба мардон

Барои саршӯйи бояд оби ҷӯшонидаи гармакро истифода баред. Дар ҳавои сард сари хуро луч нагузоред, кӯшиш кунед ки пӯсти саратонро дар ҳама ҳолат аз гармохунукшавӣ эмин нигоҳ доред.

Аз оби пиёз истифода кунед!

Як дона пиёзро аз тарошак гузаронида, обашро ба саратон молед ва 2 соат нигоҳ доред, сипас ба саратон равғани эфири лимӯ ё равғани кастори молед. Баъдан саратонро бишӯед.

Ниқоб аз сирко ва лимӯ

Дар 2 литр об 2 қошуқҷа сирко ва шарбаи лимӯ андохта, баъди саршӯйи мӯйи саратонро бо он обгардон кунед. Баъдан бо шампун бишӯед, то ки аз бӯйи бади он халос шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД