Кӯдакони хурдсол ҳаракат кардан бо шикам, гап задан ва роҳ гаштанро дар муддати муайян ёд мегиранд. Аммо баъзан кӯдак метавонад ин марҳилаҳоро нисбат ба дигар тифлакон дертар аз худ кунад. Дар матлаби худ мо сабабҳои дертар рушд кардани кӯдаконро шарҳ медиҳем.
Сабабҳои асосии дер рушд кардани кӯдакон инҳоянд:
- Таваллуди бармаҳал;
- Бемориҳои генетикӣ, аз қабили синдроми Даун ё дистрофияи мушакҳои Дюшен;
- Биниш ё шунавоии суст бо сабабҳои ирсӣ;
- Ғизои нокифоя;
- Истифодаи машрубот ё маводи мухаддир дар давраи ҳомиладорӣ;
- Норасоии оксиген (Гипоксия) ҳангоми инкишофи дохили бачадон ё таваллуд.
Кадом аломатҳо аз рушд накардани кӯдак дарак медиҳанд?
Барои сари вақт фаҳмидани он ки кӯдаки шумо нисбат ба ҳамсолонашон дер рушд карда истодааст, бояд ба ин чизҳо аҳамият диҳед:
Чаро кӯдак дер гап мезанад?
Кӯдак нисбати дигар ҳамсолонаш дер гап зада, хоҳишҳояшро бо имову ишора ба модар ва дигар наздиконаш фаҳмонад, бидонед, ки сабабаш мушкилиҳои неврологии марбут ба коркарди иттилоот дар қисмҳои майна мебошад.
Кӯдак намешунавад?
Сабаби дер гап задани кӯдак метавонад кам будани шунавоияш бошад. Камшавии шунавоӣ бо сабаби сироятҳои шадиди гӯш, ҷароҳатҳо, патологияҳои генетикӣ, нуқсонҳои модарзодии шунавоӣ ва истеъмоли баъзе доруҳо падид меояд.
Аутизм
Аутизм яке аз сабабҳои асосии инкишоф наёфтани рушди асабҳо мебошад, ки боиси дер гап задани кӯдак ва дигар иллатҳо гашта метавонад.
Ба чӣ диққат додан лозим аст?
Кӯдак дар 3-4-моҳагӣ ҳатто ба садоҳои баланд аҳамият намедиҳад ва ба меҳрубониҳои калонсолон вокуниш намекунад.
Дар 9-10-моҳагӣ ягон калимаи ҳиҷоӣ ва ё имову ишораеро, ки ба предмет мувофиқат мекунад, анҷом намедиҳад.
То яксолагӣ ақаллан чанд калимаро, ба монанди оча, ота, те, не, гир гуфта наметавонад.
Дар дусолагӣ ҳатто 20 калима азёд намедонад.
Нишонаҳои рушд накардан аз нигоҳи визуалӣ
То шашмоҳагӣ кӯдак ба ашёҳо вокуниш намекунад, ки инро миопия мегӯянд.
- Норасогии биноӣ - наздикбинӣ ё дурбинӣ;
- Катаракта (абршавии линза) ё дигар патологияҳои ирсии нодир.
Норасоии визуалии кӯдакро чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?
Чашмҳо бояд озодона ба ҳар тараф ҳаракат кунанд, агар кӯдак бо як чашм ба тараф нигоҳ карда тавонад, вале чашмаш дар ҷойи худ истад, ин нишонаи мушкилот аст.
Дар думоҳагӣ кӯдак дастҳои худро мебинад ва ба онҳо машғул мешавад.
Агар баъзе аз ин мушкилиҳоро дар кӯдаки худ пайдо кардед, бояд дар думоҳагӣ фарзандатонро ба назди офталмолог барои муоина ва табобат баред.
Ҳар як падару модарро лозим аст, ки дар бораи рушду инкишофи кӯдакон маълумоти зарурӣ дошта бошанд ва ба фарзанди худ аҳамият дода, дар ҳолатҳои пай бурдан ё мушоҳида кардани аломатҳои болозикр ба духтур муроҷиат намоянд ва мушкилоти саломатии кӯдакро дар солҳои аввали ҳаёт бартараф созанд.