Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегардад
114

17-уми октябр дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе расми ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.

Дӯстдорони синамо имкон доранд, ки давоми се рӯз филмҳои ҳунарии истеҳсоли Русия - «Духтари капитан», «Офтобро бидор», «Қоидаҳои Филипп» ва «Почта»-ро тамошо намоянд.

Баргузории Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки дар соҳаи кинематография лоиҳаҳои нави синамоии муштарак амалӣ гардонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе - «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД