Дар Тоҷикистон рӯзҳои 3-4-уми ноябр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар кӯҳҳо барф борида, раъду барқ ва шамоли сахт (то 15-20 м/с) ба амал меояд.
Дар минтақаҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво якбора 9—11 дарача паст мешавад.
Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шоми 3-юми ноябр ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ омадани сел имконпазир аст.
Аз 3 то 5 ноябр дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва қисман дар вилояти Суғд бар асари тӯфони чангу ғубор афзоиши ифлосшавии ҳаво дар назар аст.