Arzon march 2024
Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт
281

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон дирӯз, 20-уми август, соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» баргузор гашта, дар он чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар ва санъати синамои ду кишвар ширкат доштанд.

Тавре ки Маҳмадсаид Шоҳиён, Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иброз дошт, баргузории “Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон” барои тамоми дӯстдорони синамо рӯйдоди муҳим ва таърихӣ мебошад. Он ба таҳкими робитаи филмсозони ду давлат мусоидат намуда, имкони ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаи синамо фароҳам меорад.

«Мухлисони тоҷик кинои қазоқиро дӯст медоранд, зеро он тарзу услуби махсус дошта, бинандаро ба худ ҷалб мекунад»,-гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Ёдрас мешавем, ки синамогарони тоҷику қазоқ робитаи қавии эҷодӣ доранд. Ҳунармандони номдори синамои тоҷик Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Ато Муҳаммадҷонов, Сайидо Қурбонов ҳанӯз аз соли 1988 дар филмҳои қазоқӣ, аз қабили «Султон Бейбарс», «Бозгашт ба А», «Осмони айёми бачагии ман», «Тӯфони уран», «Роҳи пешво», «Дарёи оташ» ва «Роҳи оҳан» нақш бозидаанд.

Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон ду рӯ, яъне 21 ва 22-август идома хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД