Formula novemver 2024
Рӯзҳои истироҳатии моҳи июн кадомҳоянд?
1049

Аҳолии кишвар дар моҳи июн, аввали фасли тобистон ду иди бузург доранд.

Ҳамасола 27 май дар кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1997 дар шаҳри Москва Созшномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуду ба кишварамон сулҳ омад.

Як рӯз баъди ин, 28 июн, дуюмин иди бузурги мусулмонӣ – Иди Қурбон таҷлил мешавад.

Дар рӯзи якуми моҳ мо аллакай Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдаконро ҷашн гирифтем. Акнун, рӯзҳои экологҳо, кормандони соҳаи саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, кормандони савдо дар пешанд, ки намояндагони ин касбҳо низ дар ҳамин моҳ ҷашн доранд. Ҳамин тариқ, 5 июн – Рӯзи экологҳо, 12 июн – Рӯзи кормандони соҳаи саноати сабук, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва савдо таҷлил хоҳад шуд.

Онҳое, ки давоми ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, ин моҳ 10 рӯз истиоҳат доранд, ки мутаносибан ба рӯзҳои 3, 4, 10, 11, 17, 18, 25, 26, 27, 28 рост меоянд. Онҳое, ки давоми ҳафта 6 рӯз кор мекунанд, ин моҳ 7 рӯзи истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамзамон, якшанбеи охири моҳи июн, яъне, рӯзи 25-ум ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар аст.

Ҳамин тариқ, ин моҳ сокинон аз 25 то 28 май, чор рӯз, пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Довар 2023-06-05, 10:36
Ҳамин тариқ, ин моҳ сокинон аз 25 то 28 май, чор рӯз, пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт. Беҳтар мешуд, ки ислоҳот дароваред ба ҷойи май - июн менавиштен.
Посух
Абубакр 2023-06-05, 20:20
Хамасола 27 май навиштед. Ислох намоед. Ташаккур.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Довар 2023-06-05, 10:36
Ҳамин тариқ, ин моҳ сокинон аз 25 то 28 май, чор рӯз, пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт. Беҳтар мешуд, ки ислоҳот дароваред ба ҷойи май - июн менавиштен.
Посух
Абубакр 2023-06-05, 20:20
Хамасола 27 май навиштед. Ислох намоед. Ташаккур.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД