Arzon march 2024
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
733

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, охири ҳафта - рӯзи шанбе дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарму хушк ва рӯзи якшанбе боридани борону барф дар назар аст.

Ба ин тариқ, рӯзи шанбе ҳарорат дар Душанбе рӯзона 6-8 дараҷа гарм шуда, шабона то 0 дараҷа поин меравад. Лекин алакай рӯзи якшанбе дар пойтахт боридани борону барф дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе ҳаво рӯзона нисбатан гарм - то +9 дараҷа шуда, аммо рӯзи якшанбе дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф оғоз мешавад.

Дар вилояти Суғд низ рӯзи шанбе ҳаво хушк ва то 6 дараҷа гарм ва шабона каме хунук мешавад. Рӯзи якшанбе боришот ба ин ҷо ҳам меоянд - баъзан борону барф меборад.

Ҳавои гармтарин рӯзи шанбе дар вилояти Хатлон - рӯзона то 11 дараҷа гарм дар назар аст. Лекин рӯзи якшанбе ҳаво тағйир ёфта, боридани барф пешбинӣ мешавад, бахусус дар ноҳияҳои доманакӯҳ.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 7-уми декабр ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят 2-13 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзи 8-уми декабр дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ боридани барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияи Дарвоз борону барф меборад. Дар шарқи вилоят шабона ҳарорат то 40 дараҷа хунук ва рӯзона то 13 дараҷа хунук мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД