Аз 23 то 30 августи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ҳунармадони касбӣ ва устодони санъати тоҷик Исмоил ва Давлат Назриевҳо, Раҳматулло Ҳошимов, Ҷовидон Нозимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ ширкат хоҳанд кард. Овозхонҳои ҷавону маъруфи кишварамон Маҳмадрофеъ ва Нозияи Кароматуллоҳ, Нигина Амонқулова, Фотима Машрабова, Мадина Ақназарова низ дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат варзида, гуруҳҳои рақсии "Зебо", "Гулрез" ва "Парасту" санъати рақси тоҷикро намоиш медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон 110 нафар ҳунармандони хушсалиқаи тоҷик иштирок хоҳанд кард.
Тавре ки Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, барномаҳои фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент доир хоҳанд гашт.
Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон, рӯзи 25-уми август дар театри опера ва балети шаҳри Остона пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯз, ҳамчунин мулоқоти аҳли зиёи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишвари мизбон дар назар аст. Намоиши асарҳои рассомони тоҷик, намоиши муд ва кинои тоҷик дар доираи ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент баргузор мешавад.