Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии Тоҷикистону Беларус аз 24 то 27-уми ноябри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Вобаста ба ин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҳайат, баргузор намудани Рӯзҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.