Имрӯз дар толори хурди Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” ҷаласаи ҷамъбастии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар соли 2023 ва нақшаҳои минбаъда барои соли 2024 сурат гирифт.
Дар кори ҷаласа сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ, роҳбарони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии журналистӣ ва рӯзноманигорони мустақил ширкат варзиданд.
Нахуст ҳисоботи раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода дар соли 2023 қироат гардид, ки аз ҷониби иштирокдорон қаноатбахш арзебӣ гардид. Бахусус, сафар ва вохӯриҳо дар минтақаҳо, ташкили корвонҳои журналистӣ ба мавзеъҳои таърихии кишвар, қадршиносии собиқадорон ва ҳавасмандгардонии ҷавонон аз ҷумлаи иқдомҳои хуби роҳбарияти ИЖТ арзёбӣ гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа андешаву пешниҳодҳои рӯзноманигорону сардабирон Ҳуринисо Ализода, Бахтиёри Қутбиддин, Наҷмиддини Шоҳинбод, Нуриддин Қаршибоев, Сайёфи Мизроб, Қурбоналӣ Раҳмонзода, Хуршеди Атовулло, Шодихони Ҷамшед барин чеҳраҳои журналистӣ пазируфта шуданд.
Баъди қабули қарори маҷлис ба як қатор сардабирону рӯзноманигорон барои фаъолияти самарабахш дар соли 2023 Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим гардид. Аз ҷумла, муҳаррири бахши шабакаҳои иҷтимоии сомонаи “Оила” Мирсаид Сатториён аз ҷониби Раёсати ИЖТ қадрдонӣ гардид.