tobiston
Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд таҷлил гардид
08.08.2025
Oila.tj
110

Имрӯз, 8-уми август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ варзишгарон, мураббиёну собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, гуфта шуд, ки варзишгарони вилоят дар шаш моҳи соли равон ба гирифтани 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ мушарраф гардидаанд.

- Дар чорабинӣ ба варзишгарон, устодони варзиш ва собиқадорони соҳа сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшид,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД