sebiston july new
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар мамолики мусалмонӣ маълум шуд
801

Иди Қурбон, ки яке аз ду ҷашни бузурги мусалмонон аст, имсол ба рӯзи 16-уми июни соли 2024 рост меояд. Дар ин бора муфтиёти як қатор кишварҳои мусалмонӣ дар пайи ҳисобҳои пешакии худ хабар додаанд.

Тибқи ҳисобҳои маъмулӣ Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи таҷлили Иди Рамазон, дар рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаи мусулмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 2024 Иди Қурбон шаби 15 ба 16-уми июн оғоз мешавад ва таҷлили асосӣ рӯзи 16-уми июн дар назар аст.

Азбаски ин сана ба рӯзи якшанбе, ки ғайрикорӣ аст, рост меояд, баъзе аз кишварҳо ҷадвали истироҳатро тағйир дода, рӯзи душанбеи 17-уми июнро низ ғайрикорӣ эълон кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон феҳристи таътилро баро моҳи июн бо далели таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27-уми июн тағйир дод, вале дар мавриди Иди Қурбон ҳанӯз расман чизе гуфта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД